Ду бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Ба истиқболи ҷашни 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои зерсохтори Вазорати тандурустӣ таъмиру тармими биноҳо бо суръат ҷараён дошта, кормандони соҳа ният доранд, ки ин ҷашнро бо дастовардҳои назарраси касбӣ, аз ҷумла ба роҳ мондани усулҳои наву замонавии ташхису табобат таҷлил намоянд. Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷиргатол ва беморхонаи байниноҳиявии касалиҳои сили шаҳраки Шифои ноҳияи Восеъ иншооти ҷашнӣ ба шумор рафта, дар онҳо корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Бояд зикр намуд, ки барои сохтмони беморхонаи марказии ноҳияи Ҷиргатол 3 млн. 850 ҳазор сомонӣ ва барои беморхонаи байниноҳиявии касалиҳои сили ноҳияи Восеъ ба маблағи 2 млн. 200 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин давра як маркази саломатӣ дар минтақаи аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб ва як бунгоҳи саломатӣ дар мавзеи Лахши ноҳияи Ҷиргатол сохта шуда, бо таҷҳизот ва лавозимоти зарурии тиббӣ таъмин шуданд. Дар ин бора вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ






