Эҳдои «Ховар»-иён

Июль 22, 2011 14:47

Душанбе, 22 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон /АМИТ/ «Ховар» дар радифи дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати мукаммал гардонидани хазинаи Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ ба ин махзан беш аз 600 адад китоб тақдим намуд. Адабиёту китобҳое, ки АМИТ «Ховар» ба Китобхонаи миллӣ эҳдо намудааст, гуногунмавзӯъ –сиёсию иқтисодӣ, бадеию публитсистӣ мебошанд. Инчунин, кормандони Агентии иттилоотӣ китобу маҷмӯаҳоеро, ки доир ба жанрҳои гуногуни журналистика нашр шудаанд, ба Китобхонаи миллӣ супориданд.Бояд зикр кард, ки бинои наву замонавии Китобхонаи миллӣ, ки сохтмонаш дар шафати муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон –шоҳ Исмоили Сомонӣ бо суръат идома дорад, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни муқаддас- 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ботантана мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Бинои китобхонаи миллӣ аз 9 ошёна иборат буда, он барои нигоҳ доштани беш аз 10 миллион китоб пешбинӣ шудааст.

Июль 22, 2011 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад