Э. Раҳмон ба Ҳ.Карзай барқияи тасаллият ирсол намуд
Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси ҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла, омадааст: Ҷалолатмаоб,Хабари ҳузнангези ҳалокати фоҷиавии бародари азизи Шумо Аҳмад Валӣ Карзайро бар асари сўиқасди террористӣ бо андўҳи бузург дарёфтам.Дар ин лаҳзаҳои ҳассос омодагии комили Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати тақвияти воқеии ҳамкории ду давлат дар мубориза алайҳи нерўҳои аҳримании терроризми байналмилалӣ ва дигар хатару чолишҳои ҷадиди минтақа ва ҷаҳони муосир бори дигар таъкид менамоям.ҳамдардии амиқи худ ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба Шумо ва аъзои оилаи бародари марҳуматон изҳор намуда, аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонам. Худо ҷояшро ҷаннат ва маъвои охираташро пурнур гардонад.Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






