Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи коркарди нафт дидан намуд
Шаҳринав, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Бо мақсади густариш додани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва рушди соҳа Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди корхонаи коркарди нафти ноҳияи Шаҳринав замина гузошта, дар ин мавзеъ барои наслҳои оянда санги асос гузошт. Корхонаи коркарди нафт дар масоҳати 10 гектар аз ҷониби ҶДММ «Капитал» ва бо маблағгузории соҳибкор Ҳоҷӣ Рустам Дӯстов бунёд мегардад. Айни замон барои пешбурди корҳои сохтмонӣ 180 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд. Сардори Давлат супориш дод, ки корхонаи коркарди нафт то ҷашни Истиқлолияти соли 2012 бояд ба истифода дода шавад. Бояд гуфт, ки корхона дар сурати ба кор даромадан дар як шабонарӯз 100 тонна ва дар як сол 100 000 тонна нафтро кор карда, бензин, солярка, мазут ва карасин истеҳсол менамояд. Дар ҳолати пурра ба кор даромадан шумораи коргарони корхона дар се баст ба 400 нафар мерасад. Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сӯҳбат бо сохтмончиён ва масъулини корхона таъкид намуда гуфт, ки дар сурати коркарди маҳсулоти нафтӣ дар кишвар ҳангоми боло рафтани нархи сӯзишворӣ ва камбуди он ниёзи мардум бароварда шуда, арзиши аслии он дар низоми муайян қарор мегирад. Зимни сафари худ Эмомалӣ Раҳмон бо доираи васеи сокинону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ ороста, роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи бахшҳои хоҷагии халқи ноҳия ибрози назар намуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






