ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ ҚАЗОН ДАР ДУШАНБЕ ИФТИТОҲ МЕШАВАД

Июль 6, 2011 17:47

      Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 6 июли соли равон дар шаҳри Қазон ҷаласаи  7-уми гурӯҳи кории Русия ва Тоҷикистон баргузор  шуд. Яке аз ҳадафҳои асосии  иштироккунандагони ин чорабинӣ баланд бардоштани  сифати  фаъолияти қувваи корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди  вориди оммавии муҳоҷирон ба Русия аз давлатҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ мебошад.       Дар ҷаласа муовини директори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Анатолий Кузнетсов,  роҳбари Намояндагии хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон  Виктор Соболев, Сардори ХМ назди ҳукумати ҶТ Сафиало Девонаев, Сардори раёсати ХМ назди ҳукумати ҶТ Анвар Носиров, Роҳбари Намояндагии ХМ назди ҳукумати ҶТ дар Федератсияи Русия Асрор  Одинаев ҳузур доштанд.       Дар  ҷаласа ҳамчунин таҳияи  нақшаи  шартнома оиди ташкилу амалӣ намудани фаъолият ҷиҳати ҷалб ва сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия,  баланд бардоштани   мартабаи ҳуқуқии Намояндагии   хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Федератсияи Русия , муҳокимаи лоиҳаи кушодашавии шӯъбаи донишгоҳи технологии Казон дар маркази пойтахт- шаҳри Душанбе дар заминаи омӯзишгоҳи касбию техники рақами 66 баррасӣ шуд.       — Мақсади лоиҳаи кушодани донишгоҳ аз он аст,ки муҳоҷирони меҳнатие,ки вориди Русия мегарданд, забондон ва корозмуда бошанд- гуфт раиси донишгоҳ Герман Дяконов.      Сардори ХМ назди ҳукумати ҶТ Сафиало Девонаев ва роҳбари намояндагии ХМ дар Федератсияи Русия Асрор Одинаев  бо таклифи раиси донишгоҳ, бо ходимони илмӣ, донишҷӯёни донишкада, ва бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони Тотористон вохӯриҳо гузаронида, дар навбати худ  аз  истиқболи  гарм ва таҳким бахшидани равобити  касбӣ ҷиҳати  танзими фазои муҳоҷирати меҳнатӣ изҳори минатдорӣ баён намуданд.      Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» корманди  матбуоти Хадамоти  муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ  Боев С.М  иттилоъ дод.

Июль 6, 2011 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд