«Ганҷи нуҳуфта»
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Заррина Саидова).- Бахшида ба 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивали ҳаваскорони маъюбро таҳти унвони «Ганҷи нуҳуфта» баргузор менамояд.Фестивал аз ду давр иборат буда, даври якум моҳҳои август ва сентябр дар маркази вилоятҳо ва даври дуюм моҳи ноябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе доир мегардад.Дар даври якуми фестивал ҷамъиятҳои маъюбон, раёсату шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои консертиро омода карда, дар маркази вилоят ба маърази тамошобинон мегузоранд.Ба даври ниҳоӣ, ки дар пойтахти ватанамон доир мегардад, барномаҳои консертии беҳтарин роҳхат мегиранд.Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ,шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, Сарраёсатҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, раёсату шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ муштаракан бо ҷамъиятҳои маъюбон ва мактаб-интернатҳоимахсуси маъюбон тадбирҳои мушаххасро амалӣ мегардонанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






