Гимназия барои хонандагони болаёқат
Хоруғ, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфишоҳ Додоев). – Солҳои охир дар маркази ВМКБ — шаҳри Хоруғ бунёди иншооти зиёди замонавӣ чун муҳимтарин дастоварди замони истиқлоли кишвар авҷ мегирад. Имрӯзҳо дар шаҳри Хоруғ сохтмони бинои Гимназияи президентӣ барои 640 нафар хонанда дар арафаи анҷомёбист.
Иншоот рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор мегирад. Барои бунёди Гимназияи президентӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ 25 миллион сомонӣ ҷудо намудааст. Мавриди истифода қарор гирифтани ин иншооти азим имкон фароҳам меоварад, ки хонандагони болаёқат аз шаҳру навоҳии ВМКБ дар ин ҷо ба таҳсил фаро гирифта шуда, барои фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол чун афроди соҳибдониш камол ёбанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






