Гирифтани сертификати замин осон гардид
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). –Дар нимсолаи аввали соли 2011 корҳои азнавташкилдиҳии ташкилотҳои кишоварзӣ аз ҷониби мутахассисони Марказҳои кадастри замини минтақаҳо идома дода шуд. Сертификатҳои ба деҳқонон супоридашуда дар нимаи якуми соли 2011-ум 4 ҳазору 957 ададро ташкил медиҳад. Айни ҳол 1204 адад парвандаи заминсозӣ тайёр шуда, аз он 774 адад дар ташхис, 353 адад дар нақшакашӣ ва 77 адад барои имзо дар Кумитаи заминсозӣ қарор дорад. Аз аввали татбиқи Лоиҳа ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 28 ҳазору 157 адад сертификат дода шудааст. Бояд қайд кард, ки дар доираи лоиҳа ба тарзи компютерӣ (электронӣ) пур кардани сертификатҳо оид ба ҳуқуқи истифодаи замин вусъат ёфт. Ин таҷрибаи нахустин дар ҷумҳурӣ буда, имкон медиҳад, ки пур кардани ин ҳуҷҷати муҳими заминдорӣ хеле осон гардад. Яке аз сабабҳои вақтҳои охир бештар тайёр кардани парвандаҳои заминсозӣ низ ҳамин омил мебошад. Дар баробари ин ғайримарказ гардонидани додани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин оғоз ёфт ва акнун ин ҳуҷҷати муҳимро дар Кумитаи заминсозии вилоятҳо ташхис ва тасдиқ карда, ба деҳқонон медиҳанд, ки кори кормандони Марказҳои минтақавии Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри заминро хеле осон ва хароҷотро кам мекунад. Хушбахтона, бо пешниҳоди Маркази татбиқи лоиҳаи Ҳукумати ҶТ, аз 1 июли соли 2011, таҳти рақами 341, оид ба тасдиқ кардани шакли нави сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин қарори дахлдор қабул кард. Ин имкон медиҳад, ки варақаҳои (бланка) сертификат дар як варақ тайёр шуда, бе муқова бошанд. Яъне бо ин роҳ ҳам вақт ва ҳам маблағи кам барои тайёр кардани сертификат харҷ мешавад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази татбиқи лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин М. Хабиров ба хабарнигорон иттилоъ дод.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






