Хароҷоти ҳаҷи фарзӣ қимат мегардад?
Душанбе, 11 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Cоли равон аз ҷониби давлати Арабистони Саудӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нияти зиёрати Хонаи Худоро доранд, 5 ҳазору 500 ҷой ҷудо шудааст», гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Абдураҳим Холиқов, Раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ. Мавсуф афзуд, ки мутобиқ ба талаботи шаҳрвандон аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин ва сохтори дахлдори он ҷойҳои ҷудошуда ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тақсим карда мешаванд. Дархост ҷиҳати қонеъ намудани талабот ба ҳаҷ ба Кумитаи оид ба корҳои дин ирсол карда намешавад. Зеро ин масъала марбут ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аст», таъкид кард А.Холиқов.Раиси Кумитаи дин гуфт, ки бо даъвати расмии Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ ва ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ барои бастани шартномаҳо дар мавсими ҳаҷи фарзии соли 2011 нимаи дуюми моҳи марти соли равон ба ин кишвар сафари хидматӣ анҷом дод. Гурӯҳи корӣ дар ҳамбастагӣ бо намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо масъулини мақомоти марбутаи Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда дар мавсими ҳаҷи 2011 мулоқот намуда, бо сохторҳои дахлдор шартномаҳо ба имзо расонид.Зикр шуд, ки бо сабаби баланд гардидани нархи сӯзишвории ҳавопаймо интизор меравад соли равон хароҷоти ҳаҷи фарзӣ то 250 доллар қимат шавад. Бояд тазаккур дод, ки соли гузашта маблағи ҳаҷи фарзӣ 3 ҳазору 191 долларро ташкил медод. Маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ дар зарфи 20 соли охир зиёда аз 110 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардид, ки Хонаи Худоро зиёрат намоянд. Абдураҳим Холиқов гуфт, ки дар мавсими ҳаҷи фарзии соли равон ба Арабистони Саудӣ бурдани шаҳрвандони Тоҷикистонро ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ба ӯҳда мегиранд.








Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад






