Хизматрасонӣ дар фурудгоҳ беҳтар шудааст ?
Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). – Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар шашмоҳаи якуми соли 2011 ба 296 ҳазору 774 мусофири буруншуда ва 209 ҳазору 622 мусофири воридшуда хизмат расонид. Миқдори умумии бор ва почтаи қабулу интиқолшуда аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳ 1362 тоннаю 773 кг-ро ташкил дода, ба 3239 хатсайри доимию чартерӣ хизмат расонида шуд, -гуфт 25 июл дар нишасти матбуотии ҷамъбастии шашмоҳаи соли равон муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Азиз Иброҳимов ба хабарнигорони ватанию хориҷӣ. Ба сурати умум аз рӯи моҳҳо тамоюли болоравӣ ва камшавии ҳамлу нақли мусофирон ва борҳо ба назар мерасад.Сабаби чунин тамоюл пеш аз ҳама таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба ҳамаи намудҳои боркашонӣ, камшавии талабот ба хизмати муҳоҷирони меҳнатӣ дар мамлакатҳои ИДМ ва хориҷи наздик, инчунин суръати паст ва дар баъзе ҳолатҳо коҳиш ёфтани рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатҳое мебошад, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаи ҳавоӣ доранд.Наомадан, осеб дидан ва гумшавии бағоҷҳо аз ҷумлаи масъалаҳои доғи рӯз аст. Дар шашмоҳаи якуми соли 2011 дар мавриди наомадан, осеб дидан ва гумшавии бағоҷ 298 эрод баён гардида, аз он 295-тояш қонеъ гардонида шуд ва 3 эрод дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






