Хоҷагии «Фирдавс»-фирдавси рӯи замин
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Зимни боздид аз ноҳияи Шаҳринав Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти кишоварзони хоҷагии деқонии «Фирдавс» ошно гардида, аз тарзу усул ва истифодаи пурсамари ҳар порча замини аҳли заҳмати хоҷагӣ изҳори қаноатмандӣ кард.Хоҷагии деҳқонии «Фирдавс» соли 1997 таъсис ёфта, дар ибтидо фаъолияти худро ба зироаткорию пахтакорӣ бахшид. Деҳқонони хоҷагӣ бо дастуру ҳидоятҳои Сардори Давлат аз соли 2006 бунёди боғу токзорро дар масоҳати муайян ба роҳ монданд. Айни замон дар масоҳати 1,5 гектар боғи ангур, 1,5 гектар гелос, 1 гектар анор, 1 гектар себ, 1 гектар олу, 3 гектар ғалла, дар масоҳати 30 сотих сабзавот ва дар 70 сотих ҷуворимакка парвариш карда мешавад.Зикр гардид, ки соли гузашта аҳли хоҷагӣ наздик ба 12 тонна ҳосили мева рӯёнида, имсол танҳо аз майдони боғи гелос 5 тонна мева ҷамъоварӣ намуданд.Дар хоҷагӣ 12 нафар саҳмдорон ба фаъолияти боғдорӣ ҷалб гардида, дар мавсим ҳангоми ҷамъоварии мева 13 нафари дигар ба таври шартномавӣ ба кор фаро гирифта шуда, бо музди миёнаи 250-300 сомонӣ таъмин мегарданд.Сарвари давлат ҷиҳати ба роҳ мондани кишти такрорӣ дастур дода зикр намуд, ки пас аз рӯёнидани ҳосили ғалла кишти такрории зироати полезиро низ ба роҳ монанд, ки ин ҳам барои ташкили ҷойҳои корӣ ва ҳам паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва амнияти озуқаворӣ дар кишвар мусоидат менамояд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






