Ховалинг боғзор мешавад
Ховалинг, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Имсол деҳқонони ноҳияи Ховалинг майдони кишти ғалларо васеъ намуда, дар 5 ҳазору 508 гектар навъҳои беҳтарини ғалла кориданд. Кишоварзони ноҳия тасмим гирифтаанд, ки аз ҳар гектар ба қадри 25-30 сентнерӣ ҳосили хуби ғалла ҷамъоварӣ намоянд. Дар майдони зироати техникӣ дигар навъҳои зироат, аз ҷумла зағир нисбат ба соли гузашта 144 гектар, наск 60 гектар ва лӯбиёгихо 120 гектар зиёд кишт шудаанд.Мувофиқи омори раёсати кишоварзӣ дар ноҳия соли 2011 ба ҷои 250 гектари дар нақша буда 450 гектар боғи нав бунёд гардид, ки 180 фоизро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 194 гектар зиёд аст. Аҳли хоҷагии деҳқонии «Мазори ҳазрати Султон» имсол нақшаи бунёди боғро 140 фоиз иҷро намуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






