Иҷлосияи шашуми ММ МО ҶТ дар Душанбе
Душанбе, 21 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 21 июли соли 2011 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи шашуми палатаи болоии парлумони мамлакат даъвати чорум баргузор гардид.Аъзои Маҷлиси миллӣ 16 масъалаи ҳаётан муҳими вобаста ба бахши сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии кишвар, аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағийру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номгӯи маълумоти сирри давлатӣ», «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи иттифоқҳои касаба», «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ», «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва дигар масъалаҳоро баррасӣ ва ҷонибдорӣ карданд.Раисони Кумитаҳои палатаи болоии парлумони мамлакат Муним Холиқов, Матлубхон Давлатов, Давлатшо Гулмаҳмадов, Убайдулло Қурбонов ва муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ Нуриддин Саидов зимни тавзеҳи масъалаҳои зикргашта аҳамияти онҳоро дар рушду густариши соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ шарҳ доданд. Зикр шуд, ки қонунҳои мазкур бо мақсади такмили қонунгузории кишвар, мутобиқ намудани онҳо ба меъёрҳои қонуну санадҳои ҳуқуқии ҷумҳурӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҷилавгирӣ аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, таҳкими амнияти миллӣ, устувор гардонидани вазъи иқтисодӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳия ва қабул шудаанд. Бояд зикр кард, ки қонунҳои мазкур қаблан аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баррасӣ ва қабул гардида буданд.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






