Ифтитоҳи китобхона ва осорхона дар шаҳри Турсунзода

Июль 22, 2011 14:58

Душанбе, 22 июл. (АМИТ«Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Яке аз дастовардҳои бузурге, ки дар даврони Истиқлолият дар шаҳри Турсунзода ба даст омад, ин бунёди китобхонаи марказӣ мебошад. Имрӯз дар маркази шаҳри Турсунзода бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Китобхонаи марказӣ ва Осорхонаи миллӣ ифтитоҳ ёфт. Бинои асосӣ аз ду ошёна иборат буда, осорхона дар ошёнаи якум ва китобхона дар ошёнаи дуюм ҷойгир шудааст. Китобхона, ки барои бунёди он 6 млн. 800 ҳазор сомонӣ сарф шудааст, барои 39 ҳазор китоб пешбинӣ шудааст. Айни ҳол дар китобхонаи мазкур 20 ҳазору 450 адад китобҳои гуногунмазмуну гуногунсоҳа маҳфуз аст. Китобхона аз шӯъбаи китобтаъминкунӣ, шӯъбаи китобҳои бачагона, толори адабиёти бачагона, шӯъбаи компютерӣ, толори қироат барои калонсолон ва маҷлисгоҳ иборат аст.Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сокинони шаҳри Турсунзода дар баробари китобхона осорхона низ ифтитоҳ гардид. Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Турсунзода ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 100- солагии зодрӯзи шоири сулҳпарвар Мирзо Турсунзода сохта шудааст.Осорхонаи мазкур маводи таърихии замони гузашта ва муосирро дар бар мегирад. Осорхона аз бахшҳои мухталиф, аз ҷумла бахшҳои муқаддасоти миллӣ, табиати нотакрори диёр, аз қаъри асрҳо, роҳи бузурги абрешим, сеҳри ҳунар ва ғайраҳо иборат аст.Дар осорхона намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили кашидадӯзӣ, заргарӣ, чармгарӣ, кафшдӯзӣ, дуредгарӣ ҷой дода шудаанд. Зимни боздид аз осорхонаи миллӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо осори таърихии шаҳр ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ аз наздик шинос шуд.Зикр кардан бамаврид аст, ки дар шаҳри Турсунзода чун ҳамаи шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ ва омодагирӣ ба ҷашни солгарди 20- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи зиёди иншооти дорои аҳамияти иҷтимоию фарҳангӣ ва тиҷоратӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, садҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.

Июль 22, 2011 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад