Ифтитоҳи корхонаи аккумуляторбарорӣ

Июль 29, 2011 17:45

Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз бо ташаббуси Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе боз як корхонаи нави аккумуляторбарорӣ кушода шуд.Дар маросими ифтитоҳи он Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ иштирок намуд.Корхона аз ҷониби ҶДММ «Ток» бо сармоягузории шаҳрванди Канада ва соҳибкори инфиродӣ Холиқов К. ба истифода дода шудБарои сохтмони ин коргоҳ 400 ҳазор доллари ИМА масраф шуда, саҳми тарафҳо 50 фоизӣ мебошад.Дар коргоҳ 5 намуд аккумуляторҳо: СА-60, СА-75, СА-120, СА-140 ва СА-190 барои автомобилҳои гуногунтамғаи сабукрав ва боркаш истеҳсол карда мешавад.Иқтидори истеҳсолии корхона дар ибтидо 15 ҳазор адад дар як сол буда, бо назардошти мавҷуд будани талабот барои то 45 ҳазор адад расонидани он имконият вуҷуд дорад.Шумораи ҷойҳои корӣ алҳол 30 адад ва дар сурати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол ба 50 адад расонида мешавад.

Июль 29, 2011 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд