Ифтитоҳи Маркази табобати лазерии чашм дар Суғд

Июль 28, 2011 12:12

Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ).-Дар маҳаллаи «Гулистон»-и шаҳри Хуҷанд «Маркази табобатии лазерии чашм» ба истифода дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар расми ифтитоҳи марказ иштирок намуда, бо утоқҳои ташхисиву табобатӣ ва таҷҳизоти замонавии онҳо ошно гардид. Директори «Маркази табобати лазерии чашм» Фазлиддин Шарифов аз мақсади таъсиси муассисаи табобатӣ нақл карда, аз ҷумла гуфт, ки ин муассиса баҳри баланд бардоштани дараҷаи хизмати тиббӣ ба мардуми вилоят созмон дода шудааст. Бино аз се ошёна иборат буда, дорои утоқҳои ташхис, муолиҷа, ҷарроҳӣ ва лазерӣ мебошад. Барои табобати беморон шароит муҳайё буда, дар як вақт 10 мизоҷ имконияти муолиҷаро дорад. Ташхис ва табобати касалиҳои чашм, ки дар ин ҷо ба роҳ монда хоҳад шуд, то кунун дар шаҳрҳои Маскав, Екатеринбург, Новосибирск, Тошканд ба анҷом мерасиданд. Аз ин пеш беморон маҷбур буданд, ки бо масрафи маблағи зиёд ба муолиҷагоҳҳои хориҷи кишвар муроҷиат кунанд. Минбаъд ташхиси ҳама гуна бемориҳои чашм ва табобату ҷарроҳии 10-12 намуд бемориҳои он дар ин марказ сурат мегирад. Бемор дар марказ ҳамагӣ 2-3 рӯз хобида ва ивази 200-600 сомонӣ, вобаста ба намуди касалӣ, ҷарроҳӣ ва даво карда мешавад. Бояд гуфт, ки дар Маркази табобати лазерии чашм 33 нафар кормандони тиб фаъолият мекунанд. Таҷҳизоти марказ асосан аз мамолики Федератсияи Русия, Фаронса, Ҷопон ва Ҷумҳурии мардумии Чин ба маблағи 180 ҳазор доллари ИМА харид шудаанд. Ба гуфти директори марказ, намояндаи Маҷлиси вакилони халқи вилоят Фазлиддин Шарифов барои эъмору таҳҷизонидани иншоот бонки «Имон интернейшл» қарзи имтиёзнок додааст.

Июль 28, 2011 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд