Имзои протокол байни ҲҶТ ва БИР
Душанбе, 21 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-20 июл дар шаҳри Душанбе байни Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва Бонки Исломии Рушд /БИР/ протокол оид ба марҳилаи сеюми лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳо дар Тоҷикистон ба имзо расид.Тибқи иттилои Ноилшо Нуралиев, котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, протоколро аз ҷониби Тоҷикистон Вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ва Муҳаммад Суҳайл- роҳбари ҳайати БИР, ба имзо расониданд.Протоколи мазкур барои таҷдиду бунёдӣ муассисаҳои таълимии Тоҷикистон мусоидат менамояд.Бояд зикр кард, ки бо саҳмгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БИР ду марҳилаи идомаи сохтмони мактабҳои миёна дар Тоҷикистон ба анҷом расид. Дар марҳилаи якум -солҳои 1999-2004, шаш мактаби дорои 155 синфхона барои 5098 ҷойи нишаст, як кӯдакистон барои 150 ҷой, дар марҳилаи дуюм — солҳои 2007-2011 ҳафт мактаби дорои 146 синфхона барои 4468 ҷойи нишаст сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар марҳилаи сеюм ҳафт мактаби дорои 178 синфхона барои 5686 ҷойи нишаст сохта хоҳад шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






