Иншоотҳои муҳими замонавӣ

Июль 22, 2011 15:03

Хоруғ, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфишоҳ Додоев). Дар деҳаи Миденшори ҷамоати деҳоти Поршнев бунёди биноҳои маркази маъмурӣ, намояндагии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва шӯъбаи «Тоҷиксодиротбонк» — и ноҳия идома дорад. Сардори намояндагии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии ноҳияи Шуғнон Иқбол Исломбеков ва сармуҳандиси сохтмон Оқилназар Охирназаров зимни сӯҳбат иброз доштанд, ки бинои намояндагии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии ноҳияи Шуғнон 9 сентябри соли равон, яъне дар ҷашни 20 – солгарди истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад.Сохтмон аз тарафи Маркази хадамоти назорати давлатии ҷумҳуриявӣ, маблағгузорӣ шуда, ҳоло бо масолеҳи сохтмонӣ ва қувваи кории пурра таъмин мебошад. Бинои шӯъбаи «Тоҷиксодиротбонк» — и ноҳия бо тарҳи зебо қомат афрохтааст. 14 нафар сохтмончиён аз шаҳри Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бунёди иншооти мазкур кор мекунанд ва кӯшиш доранд, ки он хеле зебо сохта шавад.

Июль 22, 2011 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад