ИРОАИ ПАНОГОҲ ДАР ҲОЛАТИ ИЗТИРОРӢ

Июль 7, 2011 10:53

Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрӯзҳо дар ноҳияи Варзоб давраи омӯзишӣ дар мавзӯъи «Ироаи паноҳгоҳ ва оғози эҳё пас аз офат» идома дорад. Ҳадафи чорабинии мазкур баланд бардоштани иқтидори  Ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмари кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати ироаи паноҳгоҳ ва эҳё пас аз офат мебошад. Чорабинӣ аз ҷониби Федератсияи байналмилалии Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ)  дар доираи барномаи ДИПЕКО VI роҳандозӣ мешавад.  Дар давраи омӯзишӣ бист узви гурӯҳи минтақавии ФБҶ СС ва ҲА оид ба вокуниш ба офатҳои табиӣ аз ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, ва ҳамчунин, Салиби Сурхи Маҷористон иштирок доранд. Мутахассиссони ботаҷриба аз  Аврупо ва  кишварҳои Осиёи Марказӣ ба давраи омӯзишӣ даъват шудаанд. Эрик Мишел-Селлиер, раҳбари намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон,  мегӯяд:-  интизории нахустин аз давраи омӯзишии мазкур ин аст, ки иштирокдорони он дар маҳалли фаъолияти худ дар вазъияти фавқулодда тавонанд ба зудӣ масъалаи пешниҳоди паноҳгоҳи муваққатӣ ва эҳёи аввалияро бо истифода аз имконоти маҳаллии вокуниш роҳандозӣ намоянд. Ба гуфтаи ӯ тайёрии махсуси аъзои Гурӯҳи минтақавии ФБҶ СС ва ҲА оид ба вокуниш ба офатҳои табиӣ (RDRT) дар ироаи паноҳгоҳ ва оғози эҳё ҳамчунин, иқтидори ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмари давлатҳои  Осиёи Марказиро дар масъалаи вокуниши саривақтӣ ва муассир ба офатҳои табиӣ боло мебарад». Шамсуддин Муҳиддинов, ҳамоҳангсози минтақавии ФБҶ СС ва ҲА,  дар масъалаҳои вокуниш ба офатҳои табиӣ, мегӯяд, ки давраи махсуси панҷрӯза ба иштирокдоронаш имкон медиҳад, то аз раванди комил ва аҳаммияти ироаи саривақтии паноҳгоҳи муваққатӣ огоҳ бишаванд. Мавсуф афзуд, ки иштирокдорон асосҳои харитасозӣ ва таҳлили вазъ дар ҳолати изтирориро омӯхта, бо усулу қоидаҳои гуногуни оғози фаъолият дар самти эҳёи аввалия пас аз офат шинос хоҳанд шуд. Давраи омӯзишӣ то 9 июли соли равон идома меёбад.

Июль 7, 2011 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд