Истеҳсоли маҳсулоти саноат меафзояд
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Аз моҳи январ то моҳи июни соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти саноат дар Тоҷикистон 3,2 миллиард сомониро ташкил дод. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, феҳрасти тавлиди маҳсулоти саноат нисбат ҳамин давраи соли гузашта баробари 105,8 фоиз буд. Сабаби афзудани ҳаҷми маҳсулоти саноат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтани истихроҷи маводи ғайриэнергетикӣ, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, нассоҷӣ, дӯзандагӣ, истеҳсоли асбобҳои электротехникӣ, ҳамчунин маҳсулоти минералӣ мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли саноати коркарди маҳсулот беш аз 2 миллиард сомониро ташкил дод. Нишондиҳандаҳои истеҳсолу тақсими қувваи барқ, газ ва об баробари 782,8 миллион сомонӣ мебошад. Дар давраи ҳисобот корхонаҳои коркарди нахи пахта ба маблағи 242,8 миллион сомонӣ маҳсулот бароварданд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 3,2 фоиз камтар аст. Корхонаҳои берун аз тобеи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсолотро 10,6 фоиз кам намуда, ба маблағи 727,1 миллион сомонӣ маҳсулот баровардаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






