«Истиқлол» — пайвандгари Марказ бо Шимол

Июль 11, 2011 12:46

Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 8- июл дар ҳузури Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов доир ба анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ дар нақби мошингарди «Истиқлол», ки дар ҳамбастагӣ бо ҷониби Ҷумҳурии исломии Эрон сохта мешавад машварати корӣ баргузор шуд.Дар кори машварат роҳбарони вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.Тавре таъкид шуд,анҷоми корҳои боқимонда дар нақб тахминан 6 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад ва он бо пешниҳоди ҷониби Эрон бояд дар асоси маблаѓгузории баробари дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ба сомон расонида шавад. Хотиррасон менамоем, ки сохтмони нақби мошингарди «Истиқлол» орзуи чандинсолаи мардуми кишвар буда, аз дастовардҳои бузурги марҳилаи кунунии рушди Тоҷикистон аст. Баъди пурра ба истифода додани нақби мазкур фосилаи вақти убури қитъаи душворгузари роҳ ба ҷои ду соат 10 дақиқаро ташкил хоҳад дод.Афзалияти дигари нақби Истиқлол дар он аст, ки робитаи маркази кишварро бо шимоли Тоҷикистон дар тамоми фаслҳои сол имконпазир намуда, заминаи қавии иқтисоди воҳиди мамлакат хоҳад шуд.Дар айни ҳол корҳои асосии сохтмонӣ дар нақб ба итмом расида он мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад ва корҳои беҳдоштию ороишотии нақб ҳануз ба итмом нарасидаанд.Дар машварат роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат вазифадор гардиданд , ки пешниҳоди ҷониби Эронро дар кӯтоҳтарин фурсат омӯхта барои анҷоми босифати тамоми корҳои боқимонда дар нақби мошингузари Истиқлол тадбирҳои саривақтӣ андешиданд ва дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони эронӣ корро дар ин самт ҷоннок намоянд.

Июль 11, 2011 12:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад