Киҳо табиб мешаванд ?
Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Заррина Саидова).- Ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино довталабон ба таври буҷавӣ ва шартномавӣ барои соли таҳсили 2011-2012 қабул карда мешаванд.Мувофиқи нақша 1200 донишҷӯ қабул карда мешавад, ки аз онҳо 540 нафар ба гурӯҳи буҷавӣ ва 660 нафари дигар ба гурӯҳи шартномавӣ қабул мешаванд. Барои ҷойҳои муқарраршуда то 22 июли соли ҷорӣ ба комиссияи қабули донишгоҳ 2 435 нафар ҳуҷҷат супоридаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 245 нафар зиёд мебошад.Имсол қабули донишҷӯён тибқи квотаи президентӣ ба факултаҳои тиббӣ (103 ҷой) ва нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ (1 ҷой), ҳамагӣ 104 ҷой муқаррар шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 5 ҷой зиёд мебошад.Таҳлилҳо нишон доданд, ки на ҳамаи довталабон дониши мукаммал доранд. Довталабоне, ки аз ноҳияҳои Ашт, Исфара, Истаравшан, Ғончӣ, Ҷ. Румӣ, Файзобод, Кӯлоб, Ховалинг ва Шаҳристон омадаанд, дар озмун бо тайёрии хуб иштирок намуда холҳои баланд гирифтанд. Дар натиҷаи баргузории 3 даври озмун довталабони ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Шуғнон, Ванҷ, Ҷиргатол, Рашт, Нуробод ва Тоҷикобод холи мувофиқ нагирифтанд, ки дар мувофиқа бо Вазорати маорифм Тоҷикистон барои онҳо озмуни иловагӣ гузаронида мешавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






