Комёбии Исломзода дар Индонезия

Июль 20, 2011 17:21

Душанбе, 20 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар байни намояндагони 36 давлати  ҷаҳон Мифтоҳуддин Исломзода- донишҷӯи соли 2-юми факултаи улуми исломии  Донишкадаи исломии Тоҷикистон  дар озмуни байналмилалии ҳифз ва қироати Қуръони карим, ки  дар Индонезия доир гардид, дар   қироати 20 пора ғолиб баромада, зинаи сеюмро ишғол намуд.Абдуалим Наврасов, мудири кафедраи улуми Қуръони Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳамзамон 3 нафар донишҷӯи донишкада дар озмуни ҷумҳуриявии «Ҳифз ва қироати Қуръони карим», ки бо ташаббуси Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ  Раҳмон дар Душанбе баргузор гардид, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намуда, бо ҷоизаи сафари ҳаҷ, ки аз ҷониби Президенти  кишвар пешниҳод шуда  буд, сарфароз гардиданд.А. Наврасов афзуд, ки донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон, хусусан бахши  улуми қуръонии он  тӯли солҳои охир дар чандин озмунҳои байналмилалии ҳифз ва қироати Қуръон дар   кишварҳои исломӣ ба мисли Эрону Арабистони Саудӣ иштирок намуда, комёб гардидаанд.

Июль 20, 2011 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард