Корҳои муштараки омӯизшӣ шурӯъ шуданд
Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ перомуни ҳамкории муштарак бо як қатор давлатҳои хориҷӣ созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расонид.Тибқи созишномае, ки байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти геологии Вазорати замин ва захираҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расидааст, корҳои муштараки омӯзиши геологии ҳудудҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Чин оғоз гардиданд,- иброз дошт сардори Саридораи геологии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба иттилои манбаъ, дар давоми шаш моҳи соли 2011 иҷозатномаи «Ширкати кӯҳӣ — саноатии Тоҷикистону Чин» барои омӯзиши геологии зуҳуроти сурбу рӯҳи кони «Зарнисори Шимолӣ» барои имзо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида, иҷозатномаи ҶДММ «Нурафзои Ширин» қатъ карда шуд.Саридораи геология оид ба бозхонди иҷозатномаҳои ҶДММ «Синержи» ва ҶДММ «Марвис» маводи заруриро омода намудааст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






