Кўҳнаварди олмонӣ дар куҷо ба ҳалокат расид?
Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Шаҳрванди Олмон Рюш Александр Лукас ҳангоми баромадан ба қуллаи «Замок»-и кўхистони Фони ноҳияи Айнӣ ба ҳалокат расид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, 24 июли соли ҷорӣ ҷасади қурбоншуда дар тарқиши ях дар баландии 4 ҳазору 500 м дар ҷараёни чорабинии ҷустуҷўӣ аз ҷониби гурўҳи наҷотдиҳандагони Кумитаи мазкур ва пойгоҳи кўҳнавардони «Вертикал» пайдо гардид. Манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки ҷасади кўҳнавард аз он ҷо ба шаҳри Душанбе оварда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






