Квота ба донишҷӯдухтарони Нурободӣ
Нуробод, 12 июл. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Тавре мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Нуробод Қурбонгул Муллочаева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳар сол тибқи квотаи президентӣ духтарони маҳаллии ноҳияҳои кӯҳистон дар мактабҳои олӣ хонда, баъди хатми донишгоҳҳо ба ноҳияҳои худ бармегарданд. 68 нафар духтарони нурободӣ низ бо дастгирии Сардори Давлат тибқи квота ба донишгоҳҳои олӣ дохил шуда, айни замон таҳсил намуда истодаанд.Қурбонгул Муллочаева афзуд, ки то имрӯз 70 нафар духтарони кӯҳистонӣ мактабҳои олиро хатм намуда, дар ноҳияи Нуробод фаъолият намуда истодаанд. Имсол 13 нафар духтарони аълохон тибқи квота ба донишгоҳҳои кишвар фиристода мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






