Лимӯ дар Дарвоз!
Хоруғ, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Л.Додоев).- Солҳо боз Амиршо Маҳрамов дар бунгоҳи такягоҳии Роғаки Пажӯҳишгоҳи биологии Помири АУ ҷумҳурӣ мустақар дар ноҳияи Дарвоз фаъолият дорад. Номбурда дар ин давра дар бунгоҳ беш аз 80 навъи рустаниҳои ситрусиро гирд оварда, парвариш намудааст, ки ба иқлими Дарвоз хеле хуб мутобиқ шудаанд. Дар ин ҷо навъҳои анҷир, ангур, чормағз, хурмо, зардолу, лимӯ, афлесун, мандарин парвариш карда мешаванд. Дар водии Дарвоз ягон соҳае баробари ситруспарварӣ фоидаовар нест, мегӯяд Амиршоҳ Маҳрамов.Соҳибкор Ш.Одинаев ҳар сол аз фурӯши лимӯ то 15 ҳазор сомонӣ ба даст меорад. Танҳо соли 2010 тариқи бунёди Оғохон дар хоҷагии деҳқонии Роғак дар майдони якуним гектар лимӯхонаҳо бунёд шуданд.