Лимӯ дар Дарвоз!
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Л.Додоев).- Солҳо боз Амиршо Маҳрамов дар бунгоҳи такягоҳии Роғаки Пажӯҳишгоҳи биологии Помири АУ ҷумҳурӣ мустақар дар ноҳияи Дарвоз фаъолият дорад. Номбурда дар ин давра дар бунгоҳ беш аз 80 навъи рустаниҳои ситрусиро гирд оварда, парвариш намудааст, ки ба иқлими Дарвоз хеле хуб мутобиқ шудаанд. Дар ин ҷо навъҳои анҷир, ангур, чормағз, хурмо, зардолу, лимӯ, афлесун, мандарин парвариш карда мешаванд. Дар водии Дарвоз ягон соҳае баробари ситруспарварӣ фоидаовар нест, мегӯяд Амиршоҳ Маҳрамов.Соҳибкор Ш.Одинаев ҳар сол аз фурӯши лимӯ то 15 ҳазор сомонӣ ба даст меорад. Танҳо соли 2010 тариқи бунёди Оғохон дар хоҷагии деҳқонии Роғак дар майдони якуним гектар лимӯхонаҳо бунёд шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






