Маркази саломатӣ- тӯҳфа ба мардуми Турсунзода
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи Маркази саломатӣ ва ташхиси шаҳри Турсунзода иштирок намуда, навори рамзиро қайчӣ кард. Бояд гуфт, ки марказ аз бинои сеошёна иборат буда, дорои 25 кати бистарӣ мебошад. Утоқҳои кушоду барҳавои он бо таҷҳизоти замонавии муосир муҷҷаҳаз гардидаанд. Марказ дорои 5 шӯъбаи табобатӣ ва утоқҳои табобатӣ барои истироҳату фароғати беморон мебошад. Бинои марказ аз ҷониби пудратчии ҶДММ «Спетстрой»-и шаҳри Турсунзода ва бо маблағгузории доктори илми тиб Раҳматуллоев Р. сохта шудааст.Сарвари Давлат зимни суханронӣ дар маркази мазкур ба сохтмончиёни он изҳори миннатдорӣ намуда, тавсия кард, ки маркази тиббӣ бо номи «Вароруд» номгузорӣ шавад.Сафари Президенти кишвар дар ноҳияи Турсунзода идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






