Мавқеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон коҳиш ёфт

Июль 28, 2011 10:24

Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) натиҷаи навбатии мақомгузории (рейтинг) – и дастаҳои мунтахаби кишварҳои ҷаҳон оид ба футболро дарҷ намуд. Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол ҳафт сатр поён фуромада, ҳоло дар байни 207 кишвари ҷаҳон мақоми 142 – юмро касб мекунад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи мақомгузории қитъаи Осиё ҳам 7 мавқеъ поён фаромада, акнун дар байни 46 дастаи мунтахаб ҷойи 23 – юмро ишғол менамояд. Дастаи миллии Испаниё, ки 1588 холи шартӣ ба даст овардааст, аз рӯи мақомгузории ҷаҳонӣ дар ҷои аввал мебошад. Рӯйихати даҳ дастаи мунтахаби пешқадам чунин аст: Испаниё – 1588, Ҳоланд – 1542, Олмон – 1305, Бразилия – 1202, Уругвай – 1156, Англия – 1146, Португалия – 1076, Италиё – 1059, Хорватия – 1033, Аргентина – 1013.

Июль 28, 2011 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд