Моҳиҳои хушзоти «Суғдмоҳӣ»

Июль 16, 2011 15:22

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Суғдмоҳӣ» намунаҳои гуногуни моҳиҳои хушзот парвариш меёбанд. Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ моҳидорони хоҷагии мазкур 21,82 тонна моҳӣ сайд намуданд, ки маблағи фурӯши онҳо 147 ҳазору 593 сомониро ташкил дод. Ба буҷет маблағи беш аз 110 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст.Дар нимаи аввали соли 2011 ба мардуми вилоят ва корхонаҳои ҷамъияти саҳҳомӣ 42,17 тонна ва ё ба маблағи 221 ҳазору 770 сомонӣ моҳӣ ва маҳсулоти моҳигӣ фурўхта шуд.Бояд қайд кард, ки дар давраи наслгирӣ 23,3 миллион дона кирмина бароварданд, ки аз онҳо 5,6 миллион донаашро ба хоҷагиҳои моҳипарвар фурўхта, 17,7 миллион дона барои нигоҳубин ба ҳавзҳои хоҷагӣ рехта шуд.Барои нигоҳубин ва азнавбарқароркунии захираҳои баҳр ва дарё ба ҳавзҳои хоҷагӣ 88,8 ҳазор дона моҳича ворид гардид. Аҳли хоҷагӣ кўшиш доранд, ки истеҳсоли моҳиро сол аз сол дар миқёси вилоят зиёд намуда, аҳолиро бо маҳсулоти моҳигӣ хубтар таъмин намоянд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз аз Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Июль 16, 2011 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад