Мулоқоти Ҳ. Зарифӣ бо Кнут Воллебек

Июль 26, 2011 16:54

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 25 июли соли 2011 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Комиссари олӣ оид ба ақаллиятҳои миллии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Кнут Воллебек баргузор гардид.Дар оғози вохӯрӣ вазир Комиссари олиро хайрамақдам гуфта, аз ҳодисаҳои фоҷиавие, ки дар ин кишвар рух додаанд, ба Ҳукумат ва мардуми Норвегия изҳори ҳамдардӣ намуд.Зимни мулоқот Комиссари олӣ бо мавқеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳо перомуни ақаллиятҳои миллӣ ва иштироки гурӯҳҳои этникӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, забон ва сиёсат шиносоӣ пайдо намуд.Мусоҳибон роҷеъ ба масъалаҳои муҳими тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ муфассал табодули назар намуданд.Ҷонибҳо аз натиҷаи мулоқот изҳори қаноатмандӣ карда, ба тақвияти ҳамкории минбаъда миёни Тоҷикистон ва САҲА изҳори боварӣ намуданд.

Июль 26, 2011 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард