Мулоқоти Ҳ.Зарифӣ бо сафири нави Покистон
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 12 июл Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Амҷад Ҳусайн Баркаталӣ Сиялро ба ҳузур пазируфт.Сафир дар ҷараёни мулоқот, ки дар вазъияти дӯстона сурат гирифт, нусхаҳои эътимодномаҳоро ба Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон супурд. Ҳамчунин масъалаҳои рушди муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуданд.Сафири Покистон зикр намуд, ки ба манзури гузоштани саҳми худ ба таҳкими муносибатҳои неки миёни Тоҷикистону Покистон саъю кӯшиш менамояд.Ҷонибҳо аз он изҳори тафоҳум намуданд, ки рушди муносибатҳои байни Тоҷикистону Покистон бо вазъияти Афғонистон алоқаи мустақим дошта, бояд дар масъалаи барқарор намудани сулҳу мувозинат, ҳамчунин ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвари ҷабрдида ҳамкорӣ намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






