Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Залмай Расул

Июль 28, 2011 12:27

 
Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар»).- Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расулро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният ва иқтисоду иҷтимоиёт баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи босамари лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ доир ба сохтмони роҳу пулҳои оҳану мошингард, нерўгоҳҳои барқию хатҳои интиқоли нерўи барқ, ба ҳам пайвастани шабакаҳои нақлиётию энергетикӣ ва транзитии кишварҳои минтақа зоҳир карда шуд. ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши робитаҳои дуҷонибаю минтақавӣ таъкид намуданд. Таҳким ва рушди ҳамкории миёни ниҳодҳои қудратии ду кишвар, аз ҷумла дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, ба мисли терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамчунин омодасозии кадрҳои низомии Афғонистон дар Тоҷикистон низ аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд.Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба омодагӣ ба мулоқоти сарони кишварҳои «Чоргонаи Душанбе» — Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд ва оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
 

Июль 28, 2011 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад