Мулоқоти сафирони Тоҷикистону Ҳиндустон дар Маскав
Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Чанде пеш дар шаҳри Маскав мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Федератсияи Русия Аҷай Малҳотра, бо хоҳиши ӯ, баргузор гардид.Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот перомуни вазъи иҷтимоию иқтисодии кишварҳояшон ва ҳолати муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон табодули афкор намуда, ҳамчунин масоили сулҳу амнияти минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






