Мурғоб соҳиби дастгоҳи ташхисӣ гардид
Хоруғ, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфишоҳ Додоев). – Солҳои охир бо кӯмаки Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ муассисаҳои тиббии ВМКБ соҳиби дастгоҳҳои ташхискунандаи бемориҳои гуногун гардиданд. Ҳоло беморхонаи марказии вилоят дорои нодиртарин дастгоҳҳои замонавии ташхисист. Дар беморхонаҳои ноҳиявӣ чунин таҷҳизот мавҷуданд. Ба наздикӣ беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб соҳиби дастгоҳи ташхиси ултрасадоӣ гардид. Тавре мудири шӯъбаи тандурустии ноҳия Тағойбек Ғозибеков иттилоъ дод, солҳои охир сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба сокинони ин минтақаи баландкӯҳ пайваста беҳтар мегардад. Ба ҷуз аз беморхонаи марказӣ дар ноҳия боз 5 адад касалхонаҳои минтақавӣ фаъолият дошта, аксарияти онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъминанд. Ният дорем, ки дар охири соли 2012 бо кӯмаки Вазорати тандурустӣ ҳамаи беморхонаҳоро бо дастгоҳи ташхиси ултрасадоӣ таъмин намоем, зеро ин дастгоҳ барои ташхиси беморон ва муайян намудани касалии онҳо хеле зарур аст,- афзуд Т. Ғозибеков.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






