Мусоҳибон ба натиҷа расиданд

Июль 28, 2011 12:08

Душанбе, 28 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи таҳкими ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистону Эрон, хусусан тавсеаи равобит дар бахши табодули таҷрибаи технология ва барномаҳои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ бо ҷалби мутахассисон ва сармояи эронӣ дар Тоҷикистон дар меҳвари мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ва Алиасғари Шеърдӯст, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.Зикр шуд, ки заминаҳои ҳуқуқии дар доираи қонунгузории кишвар фароҳам шуда имкон медиҳанд, ки тасмимоти мазкур татбиқи воқеӣ ёбанд. Мусоҳибон, ҳамзамон масъалаҳои дар доираи тафоҳумоти олии дар сатҳи роҳбарони ҳар ду давлат ҳосил гардидаро ки ба рушди муносибатҳои гуногунҷабҳаи кишварҳо мусоидат менамоянд, баррасӣ карданд.Дар фарҷоми мулоқот мусоҳибон ба натиҷа расиданд, ки иқтидори ҳар ду ҷониб дар самти тавсеаи ҳамкориҳо самарабахш истифода гарданд.

Июль 28, 2011 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад