Наҷотдиҳандагон маҳораташонро сайқал медиҳанд
Хоруғ, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфишоҳ Додоев). – Хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии вилоят чун як сохтори тавоно дар пешгирӣ ва бартараф намудани ҳодисаҳои гуногуни табий, ҳифзи аҳолӣ ва иншоотҳо нақши муосир дорад. Тайи 20 соли истиқлолият ин ташкилот ташаккул ёфт ва бо чандин созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорию робитаҳои мутақобилан судмандро роҳандозӣ намуд. Бо дастгирии ҳукумат ва кӯмаки ташкилотҳои хайрхоҳ Ситоди ҳолатҳои фавқулодда бо таҷҳизоти муосир ва лавозимоти наҷотдиҳӣ муҷаҳҳаз шудааст.Гурӯҳи кормандони он дар Амрико, Русия, Беларус ва Озарбойҷон малака ва маҳорати касбиро сайқал додаанд. Хадамоти номбурда дар 50 деҳаи баландқӯҳ, муоинаи геологӣ гузаронида, аҳолии қисме аз онҳоро ба ҷойҳои бехатар кӯчонидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






