Намояндагони Тоҷикистон ба Остона мераванд
Душанбе, 26 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ду намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси нозирони байналмилалӣ ҷараёни баргузориии интихоботи парлумонии Қазоқистонро назора менамоянд.Тибқи иттилои Муҳибулло Додоҷонов, роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ нозирони тоҷик Акбаралӣ Сатторов, сармутахассис ва Насимҷон Мирзомуродов ҳуқуқшиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ мебошанд.Интихоботи парлумони Қазоқистон 19 августи соли 2011 баргузор гардида, алҳол тибқи гузоришҳои Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон 56 намоянда ҷиҳати интихоб дар Сенати ин кишвар номнавис шудааст.Ба ҳайати Сенати Қазоқистон 32 вакил аз 16 минтақаи ин кишвар ба мӯҳлати 6 сол интихоб гардида, 15 сенати дигарро Президенти Қазоқистон таъин менамояд. Дар маҷмӯъ Сенати Қазоқистон аз 47 вакил иборат аст. Барои баргузории интихоботи Сенати Қазоқистон дар соли 2011 аз буҷаи ин кишвар беш аз 140 миллион танга ҷудо гардидааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






