Наворбардории «Савгандшикаста» дар фурудғоҳ
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).-Ба муносибати 20-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон киностудияи «Тоҷикфилм» тасмим гирифтааст аз рӯи сенарияи нависанда Муҳибулло Қурбон силсилафилми бадеии «Савгандшикаста»-ро наворбардорӣ намояд. Як лаҳзаи филми мазкур дар пасманзари фурудгоҳи байналмилалии Душанбе наворбардорӣ шуд. Қаҳрамони асосии филм профессор Ансориён аст, ки носозгории муҳити хонаводагӣ ҳаёти ӯро дигар кардааст. Нақшҳоро ҳунармандони шинохтаи театр ва кино Маҳмадсаид Пиров, Муҳаммадзоҳид Ашӯров, Обид Назаров, Таҳмина Раҷабова ва Шӯҳрат Ҳалимов офаридаанд.Коргардони филми «Савгандшикаста» Раҷабалӣ Пиров иброз дошт, ки то имрӯз қисмати зиёди филмро наворбардорӣ кардаанд. Саҳнаҳои ҷолибу тарбиявии филм дар шаҳрҳои Қайроққум, Чкалов, Бобоҷон Ғафуров ва Хуҷанд рӯи навор омадаанд. Барои нишон додани табиати нотакрори Тоҷикистон як қисми саҳнаҳои филм дар дараҳои хушманзараи Варзоб, Ромит ва ағбаи Шаҳристон наворбардорӣ шудаанд. Ба қавли Раҷабалӣ Пиров ҳунармандоне, ки барои иштирок дар филми мазкур ҷалб шудаанд, бо дарки масъулият заҳмат мекашанд, хусусан наворбардорон Алишер Неъматов ва Рустам Азизов касбияти баланд нишон медиҳанд. Ният аст, ки филми мазкур то ҷашни 20- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар пешкаши тамошобин гардад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






