Нишасти матбуотӣ дар Шӯрообод
Кўлоб, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). – Раиси ноҳияи Шӯрообод Амирхон Икромов зимни нишасти матбуотӣ аз вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба хабарнигорон хабар дода гуфт, ки дар ин муддат дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия болоравии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ба назар мерасад. Ба гуфти ӯ нақшаи даромади буҷаи ноҳия дар нимаи аввали соли равон 104 фоиз иҷро гардида, ба буҷа ба ҷои 1 млн. 220 ҳазору 991 сомонии пешбинишуда 1млн. 268 ҳазору 517 сомонӣ ворид гардид. Мавриди зикр аст, ки нақшаи маблағҳои мақсадноки аз ҳисоби буҷаи вилоят ва ҷумҳурӣ ба буҷаи маҳаллӣ воридшаванда 97 фоиз таъмин гардида, нақшаи воридоти андозҳои давлатӣ аз рӯи ҳамаи намудҳо иҷро гардид.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






