Нишасти матбуотӣ дар Восеъ
Кўлоб, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар ноҳияи Восеъ нишасти матбуотӣ бо иштироки хабарнигорони ВАО баргузор гардид. Раиси ноҳия Султон Валиев аз натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба хабарнигорон ахборот дода гуфт, ки соҳаи саноат дар ноҳия яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ин cамт диққати ҷиддӣ медиҳад. Ба гуфти Султон Валиев кормандони соҳаи саноати дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 47825,8 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10375,5 ҳазор сомонӣ зиёд буда, афзоиш 124 % — ро ташкил медиҳад. Тайи шаш моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 950 т нахи пахта, 112 т гӯшт ва маҳсулотҳои гӯштӣ, 56,1 т ришта, 8256 т орд, 283 т равғани растанӣ, 2852 т намаки ошӣ, 430 т нон ва маҳсулотҳои нонӣ истеҳсол шудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






