Oғози саноати кӯҳӣ дар Бадахшон
Хоруғ, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфишоҳ Додоев). – Дар нишасти матбуотие, ки рӯзи 19 – уми июл бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим дар шаҳри Хоруғ доир гардид, сарвари вилоят гуфт, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар 5 – 6 соли охир дар Бадахшон бунёдкориҳои зиёд рӯи кор омаданд ва онҳо ба баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуданд, вале намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла телевизион, радио ва рӯзномаҳо на ҳамаи инро инъикос мекунанд. Раиси вилоят аз натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шашмоҳа дар вилоят сухан ронда. иброз дошт, ки дар кулли соҳаҳо пешравиҳои зиёд дида мешаванд, аз ҷумла нақшаи андоз 118 фоиз иҷро гардид. Аз 54 иншооти ҷашнӣ беш аз нисф мавриди истифода қарор гирифтаанду кор дар дигар иншоот босуръат идома дорад. Дар ноҳияи Дарвоз бунёди як нерӯгоҳи хурди барқӣ идома дорад. Дар ноҳияи Ванҷ 2 агрегати нерӯгоҳи барқӣ бо иқтидори 1600 квт васл карда мешавад. Вақтҳои наздик дар рӯдхонаи Язгулом бунёди нерӯгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори 460 квт оғоз мегардад.Имрӯз дар вилоят ҷиҳати бо барқ таъмин кардани сокинони шаҳру деҳот ба чуз аз сокинони ноҳияи Мурғоб қариб ки мушкилӣ вуҷуд надорад. Ҳоло дар 13 корхонаи чустуҷӯии вилоят бо иштироки коршиносони бузургтарин ширкатҳои ватанию бурунмарзӣ баҳодиҳӣ ҷараён дорад. Нахустин хишти саноати кӯҳӣ аллакай гузошта шуд. Тибқи нақша то охири сол дар конҳои алоҳида истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ оғоз мегардаду давраи нави рушди саноати Бадахшон сар мешавад.Ба гуфти раиси вилоят форуми «Помир инвест – 2011», ки моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид, дар он беш аз 160 нафар аз сармоягузорону соҳибкорони ватанию хориҷӣ иштирок доштанд, кулли имконоти бунёди коргоҳҳоро дар заминаи маъданҳои кӯҳӣ, рӯдхонаҳо, кӯлҳо, обҳои шифобахш, сангҳои қимматбаҳову ороишӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд ва чанд созишнома низ ба имзо расид.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






