Омӯзиши равандҳои хатарноки геологӣ
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ тибқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дархости мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадқиқоти муҳандисӣ — геологӣ сурат гирифта, равандҳои хатарноки геологӣ омӯхта шуд.Бар асоси тадқиқот барои кӯчонидани аҳолии 13 деҳаи ноҳияи Хуросон, 2 деҳаи ноҳияи Восеъ, ду деҳаи ноҳияи Файзобод, чор деҳаи ноҳияи Панҷ, 1 деҳаи ноҳияи Ваҳдат ва ҳамчунин шаҳрҳои Душанбе, Сарбанд ва ноҳияи Нуробод барои кӯчонидани 100 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехавф тавсия дода шуд.Тибқи дархости шаҳрвандон дар масоҳати 124 гектар замини наздиҳавлигӣ тадқиқоти геологӣ гузаронида, ин заминҳо, ки хавфи кӯчиш надоранд, дар ихтиёри эҳтиёҷмандон гузошта шудаанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






