Омодагӣ ба тирамоҳу зимистони соли 2011 – 2012
Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо мақсади амалӣ намудани қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтаззам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2011 — 2012» вобаста ба корхонаҳои зертобеи худ фармон содир намуд,- иброз дошт директори КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Тағоймуродов ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба иттилои манбаъ, корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ вазифадор шуданд, ки дар мӯҳлати муайяншуда ситодҳои фаврӣ ташкил намуда, нақшаи чорабиниҳоро вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар давоми ду ҳафта ба роҳбарияти КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» пешниҳод намоянд. Баҳри таъмини бандҳои 1 ва 2 –и қарори мазкур ситодҳои доим амалкунанда нақшаи чорабиниҳоро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мувофиқа ва тасдиқ намуда аз омадагии худ ба тирамоҳу зимистони соли 2011 -2012 ба КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» иттилоъ пешниҳод менамоянд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






