Омодагирӣ ба соли нави таҳсил
Ҷиргатол, 21 июл.(АМИТ «Ховар», Мирзосафар Ризвонов).-Дар таълимгоҳҳои ноҳия соли таҳсили 2010-2011 пурра ҷамъбаст шуд. Мактабҳои миёнаро 808 нафар хонандагон хатм намуда, 26 нафар хонандагоне, ки мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм намуда буданд, бе ягон мамониат тибқи квотаи Президентӣ ба донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ дохил шуданд, ки 12 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд,-иброз дошт мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Ҷиргатол Пирмаҳмад Абдусатторов. Алҳол бо кӯмак ва дастгирии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва ноҳия омодагирӣ ба соли нави таҳсил муташаккилона илома дорад. Барои таъмири мактабҳои ноҳия аз ҳисоби Вазорати маорифи ҷумҳурӣ 659 ҳазору 900 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.Пеш аз ҳама биноҳои мактабҳо хушсифат аз таъмир бароварда мешаванд. Қариб нисфи бинои таълимгоҳҳо бо кӯмак ва дастгирии Вазорат, шӯъбаи маориф, ташкилотҳои мададрасон, ҷамоатҳои деҳот ва падару модарон аллакай таъмир шудаанд. Аз рӯи нақшаи шӯъба то 15 август ҳамаи мактабҳо ба соли нави таҳсил пурра тайёр мегарданд. Вазъи таъмини мактаббачагон бо асбобу анҷоми хониш, китобу дафтар ва сару либоси мактабӣ нисбат ба солҳои пешин хубтар аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






