Ошкоркунии ҷиноятҳо беҳтар шудааст

Июль 20, 2011 17:28

Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- «Дар шаш моҳи соли 2011 шумораи ҷиноят дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,6 фоиз афзуда, ҳамзамон ошкоркунии он беҳтар ба роҳ монда шудааст», — гуфт вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров дар нишасти матбуотие, ки 20 июл дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.Афзоиши ҷиноятҳо аслан аз ҳисоби ҷиноятҳои иқтисодӣ буда, дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар 2 ҳазору 289 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст,- иброз намуд номбурда.Ҷалб гардидани қувваю воситаҳои иловагӣ ва ташкили назорати доимӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ба коҳиш ёфтани ҷиноятҳо  аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо, ғоратгарӣ, одамрабоӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштан, харидану сохтани яроқ, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт мусоидат намуд, — қайд кард  Абдураҳим Қаҳҳаров.

Июль 20, 2011 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад