Озмуни иди асал ва сайри харбуза дар Ёвон
Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўзҳо дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ озмуни иди «Асал-2011» ва «Сайри харбуза» баргузор гардида истодааст. Бо ин мақсад субҳи 28 июл дар маркази ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон иди асал ва сайри харбуза бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид, ки дар он аз тамоми ҷамоатҳои деҳоти ноҳия зиёда аз 500 килограмм намудҳои гуногуни асал ва 12 намуди харбуза ба миқдори зиёда аз 7 тонна, бо нархҳои 30-40 фоиз нисбат ба бозор арзонтар пешкаши харидорон гардонида шуд. Ҳамзамон маҳсулоти аз харбуза омода кардашуда, аз ҷумла шарбати харбуза, харбузаи хушккардашуда ва фатирмаскаи харбузагӣ ба марази тамошо гузошта шуд.Ғолибони озмун бо мукофоти таъсисдодаи ҳукумати ноҳия сарфароз гардиданд ва ба озмунҳои вилоятии «Асали Хатлон-2011» ва «Иди харбуза-2011» роҳхат гирифтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






