Пешгирии заҳролудшавӣ аз маводи ғизоӣ

Июль 14, 2011 13:20

Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Дар нимсолаи аввали соли 2011 дар иншооти таҳти назоратбудаи ҷумҳурӣ бо истифода аз усулҳои лабораторӣ санҷишҳои санитарию гигиенӣ гузаронида шуданд. Аз вайронкунандагони ҳолатҳои санитарию эпидемиологӣ ба миқдори 5 ҳазору 363 сомонӣ маблағ ҷарима ситонида шуд, ки 4 ҳазору 245 сомониаш ба буҷаи давлат ворид гардид. Ғайр аз ин фаъолияти 1 ҳазору 558 иншоот барои ҷавобгӯй набудан ба талаби санитарию гигиенӣ муваққатан боздошта шуда, 313 парванда ба комиссияҳои маъмурӣ ва 35 парванда ба мақомоти тафтишӣ супорида шуда, 111 нафар аз кор хориҷ гардид. То ин давра кормандони мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ бо мақсади пешгирии заҳролудшавӣ аз маводи ғизоӣ ва пешгирии истифодаи маҳсулоти хӯрокии мӯҳлати истифодаашон гузашта 320 қуттӣ маҳсулоти консервагӣ, 17 ҳазору 340 кг намаки бейод, 3 ҳазору 890 кг маҳсулоти гӯштӣ, 496, 5 кг маҳсулоти қаннодӣ, 1 106 қуттӣ маҳсулоти ширӣ, 138 литр нӯшокии ғайриспиртӣ, 1 ҳазору 120 литр нӯшокии спиртӣ ва 104 қуттӣ чойро аз фурӯш боздоштанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Июль 14, 2011 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд