Раёсат дар СҲИ аз Тоҷикистон ба Қазоқистон супорида шуд
Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 11 июли соли 2011 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк маросими супоридани раёсат дар Гурӯҳи Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) аз Тоҷикистон ба Қазоқистон баргузор гардид. Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов зимни суханронӣ ба ҳайатҳои кишварҳои аъзои Созмон барои ҳамкорӣ ва ҷонибдорӣ кардани ҳайати ҷумҳурии мо дар давраи раёсати кишвари мо дар Гурӯҳи СҲИ изҳори ташаккур намуда, ба ҳайати Қазоқистон ба муносибати раиси нави Созмон таъин шуданаш муваффақият таманно намуд. Изҳори умедворӣ шуд, ки тағйирот дар унвони Созмон оғози таҷдиди фаъолияти он дар арсаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар Созмони Миллали Муттаҳид хоҳад буд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






